АФСОНАИ РИНДОН
Он шоха, ки пеш аз вақт гул карду шукуфон шуд,
Аз жолаи фарвардин бишкасту парешон шуд.
Эй дар дили ман сокин, боз ою тамошо кун,
К-ин манзили осоиш аз ҳодиса вайрон шуд.
Дил гуфт ба майхона, нӯшем ба паймона,
Паймона чу пеш омад, ӯ аз сари паймон шуд.
Нӯшиду ба ҷӯш омад, чун ман ба хурӯш омад,
То хона бадӯш омад, расвои ҳарифон шуд.
Гуфтам, ки нашармидӣ, эй дил, ки чунин кардӣ,
Гуфто, ки зи шармидан кай кори кас осон шуд?
Гуфтам: Агар ин соат аз май накунӣ тавба,
Дар синаи ман дигар маъвои ту натвон шуд.
Хандиду бигуфт: Эй мард, муслим натавон гуфтан,
Онро, ки ба зери теғ аз тарс мусалмон шуд.
Ин қисса саҳаргоҳон печид ба майхона,
Дар гӯши ҳарифон рафт, афсонаи риндон шуд.
Аз чашмаи поки Балх, Фонӣ, нами ашке ёфт,
К-ин бутта чаман гардид в-ин шоха гулистон шуд.