Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Бар шуъла то чанд нозидани коҳ?

Бар шуъла то чанд нозидани коҳ? Дар давлати тез маргест ногоҳ. Сад нақс дорад сози камолат, Чандин ҳилол аст пешу паси моҳ. Дар фикри хешем, озодагӣ ку? Моро гиребон афканда дар чоҳ. Ё Раб, чӣ сеҳр аст афсуни ҳастӣ? Аз ҳеҷ будан кас нест огоҳ. Бар ғафлати халқ хиффат мачинед, Мағрури ноз аст оинаи шоҳ. Дил сайди ишқ аст, маҳкуми кас нест, Ал-ҳукму ли-л-лоҳ ва-л-мулку ли-л-лоҳ Умре тапидем, то хок гаштем, Фарсангҳо дошт ин як қадам роҳ. Аз субҳи ин боғ шабнам чӣ дорад? Ҷуз маҳмили ашк бар ноқаи оҳ. Бар табъи озод зулм аст улфат, То умр боқист, узр аз нафас хоҳ. Эй нола, хомӯш, дар хона кас нест, Як ҳарф гуфтем, афсона кӯтоҳ! Бедил, чӣ гӯям аз яъси пирӣ? Чун шамъам аз субҳ рӯз аст бегоҳ.