Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Гуфтамаш: – Ай сахтдил, аҳди ту суст аст аз нахуст

Гуфтамаш: – Ай сахтдил, аҳди ту суст аст аз нахуст, Гуфт: – То кай гӯйиям дар рӯй чандин сахту суст? Гуфтамаш: – Дар ошиқӣ мо ринду бебокему маст, Гуфт: – Дар ошиқкушӣ мо низ чолокему чуст. Гуфтамаш: – Дар хоки меҳнат дона мепошам зи ашк, Гуфт: – Аз ин тухму замин ҷуз донаи ҳасрат наруст. Гуфтамаш: – Умрест меҷӯям зи лаълат коми дил, Гуфт: – Ошиқ нест он, к-аз дӯст коми хеш ҷуст. Гуфтамаш: – Гулро ба боғ ин сурхрӯйӣ аз куҷост? Гуфт: – К-аз хуни дили ғунча зи рашкам чеҳра шуст, Гуфтамаш: – Сарриштае хоҳам ба каф сӯят кашон, Гуфт: – Ин сарришта гар аҳли дилӣ, дар дасти туст. Гуфтамаш: – Санги ҷафоят хотири Ҷомӣ шикаст, Гуфт: – Чун бар шиша ояд санг, кай монад дуруст.
Гуфтамаш: – Ай сахтдил, аҳди ту суст аст аз нахуст | Шоирон