ПАЁМОВАРОН
Шафақи салобати номи ту дили шаб дарида Муҳаммадо,
Ба шаби замона паёми ту саҳар офарида Муҳаммадо.
Ба раҳат нашуд, ки қадам занам, ба чӣ обрӯ зи ту дам занам,
Ба кадом хома рақам занам, ба ту ин қасида Муҳаммадо?
Ту гулоби гулшани анбиё, ту ҳабиби ҳазрати Кибриё,
Ту чароғи синаи авлиё, ту фурӯғи дида Муҳаммадо.
Ба каромату ба камоли ту, ба ваҷоҳату ба ҷамоли ту,
Башару малак ба мисоли ту, дигаре надида Муҳаммадо.
Чу шикасташоха дар ин чаман, адам аст созу бисоти ман,
Ҳама баргҳои нишоти ман, зи танам такида Муҳаммадо.
Макунам раҳо ту барои кас, ки маро намонда ҳавои кас,
Ба куҷо равам, ки садои кас, нашавад шунида Муҳаммадо?
Ғами худ барам ба чӣ доваре, бидарам гулӯ ба чӣ маҳзаре,
Чӣ бигӯямат, ки чӣ наштаре, раги мо бурида Муҳаммадо?
Рамақе намонда ба пойи мо, нашавад баланд садойи мо,
Асафо, ки нола ба нойи мо, дигаре дамида Муҳаммадо.
Ҳамаро намуда хатар шикор, нашуд ин фусун ба кас ошкор,
Ки чунин ба хирмани мо шарор, зи куҷо ҷаҳида Муҳаммадо?
Чӣ бало хазида ба хуни мо, ки шарар ҷаҳад зи даруни мо,
Ту бибин, ки кори ҷунуни мо, ба куҷо кашида Муҳаммадо?
Ҳама иддиогари роҳи дин, ҳама мунҳариф зи роҳи яқин,
Караме, ки каждуми куфру дин, ҳамаро газида Муҳаммадо.
На ба дидаҳо асар аз ҳаё, на ба синаҳо гуҳари вафо,
Ту, биё, ки пардаи шаръро, ҳама кас дарида Муҳаммадо.
Ба масофи хасми аласти мо, назаре бикун ба шикасти мо,
Зару сим дода ба дасти мо, дилу дин харида Муҳаммадо.
Саҳаре ту, эй шаҳи муҳташам, зи ҳарам бинеҳ ба бурун қадам,
Гули сурхи шеъри дари дилам, ба раҳи ту чида Муҳаммадо.
Бикун илтиҷо ту ба зулминан, ки саҳар дамад ба диёри ман,
Ки фиғону шевани марду зан, ба фалак расида Муҳаммадо.