Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Дар рабти халқ яксар номуси кибриёест

Дар рабти халқ яксар номуси кибриёест Чун субҳа ҳар кас ин ҷо дар олами ҷудоест. Мунъим ба чатру афсар иқбол мефурӯшад, Ғофил ки бар сари мо бесоягӣ ҳумоест. Ворастагиаёғем, бе ваҳми боғу роғем, Субҳи фалакдимоғем, бар боми мо ҳавоест. Дорад ҷаҳони иқбол идбор дар муқобил, Бар худсарӣ мачинед, ҳар ҷо сарест, поест. Орому рам дар ин дашт фарқ онқадар надорад, Дар дида ончи кӯҳ аст, дар гӯшҳо садоест. Овораи хаёлот дил бар чӣ бандад охир? Гар ишқ бениёз аст, дар ҳусн бевафоист. З-ин вартаи хиҷолат осон наметавон раст, Чун шамъ зиндагиро дар ҳар арақ шиноест. Дархурди сахтҷонӣ бояд ғами ҷаҳон хӯрд, Таркиби вусъи тоқат маъҷуни иштиҳоест. Бемоягони қудрат шоистаи қабуланд. Дасти шикаста бораш бар гардани дуоест. Гӯши тазаллуми дил з-ин анҷуман кӣ дорад? Дар гарди мӯйи чинӣ фарёди сурмасоест. Гулзори бебариҳо ворастагибаҳор аст, Дар сарнигунии бед ҳар барг пушти поест. Бедил, куҷо барад кас бедоди бетамизӣ? Дунё гузаргаҳе буд, пиндоштем, ҷоест.