Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

ИШҚИ ҒАЮР

Сӯхтаи ғами туро гиря сабот медиҳад, Дил кунадаш ҳалоку чашм оби ҳаёт медиҳад. Гаҳ кунадам шаҳиди ғам, гаҳ ба итоб сӯзадам, Ишқ маро ба ҳар қадам ин дараҷот медиҳад. Дар суханам ҳаловате ҳаст агар, зи лаъли туст, Ӯст, ки ин қадар маро нуқлу набот медиҳад. Гиря гулӯи ман гирифт, оҳ ба доди ман расид, Киштии оббурдаро бод наҷот медиҳад. Бӯса чу медиҳӣ ба ман, тири нигаҳ ба дил мазан, Менакушад гадойро, он ки закот медиҳад. Ин сари ҳақпарастро туҳфаи дор агар кунӣ, Ишқи ғаюр он замон бӯса ба пот медиҳад. Фонӣ, агар ки ҷон диҳӣ, миннати нокасон макаш, Бар дари фақр бӯса зан, бин, ки чиҳот медиҳад? :