Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Бо сухан, бо хирад, бо шараф, бо ҳунар

Бо сухан, бо хирад, бо шараф, бо ҳунар Мекунӣ, эй – Ватан, бар адӯят зафар. Ҷумла фарзанди ту, решапайванди ту Хӯрда савганди ту – ҷонфидои туем. Раҳкушои туем, раҳнамои туем. Тоҷикистони ман, тору пудам туӣ, Қиблаи эътиқоду суҷудам туӣ. Бо раҳи дӯстӣ, бо раҳи ростӣ Меравӣ дилқавӣ ҷониби ҷовидон, Давлати ҷону дил – давлати тоҷикон!