Навруста сарви ман, ба лаби ҷӯйи кистӣ?
Навруста сарви ман, ба лаби ҷӯйи кистӣ?
Яъне нишаста маст ба паҳлуйи кистӣ?
Умрат ҳама ба олами девонагӣ гузашт,
Эй дил, ба банди ҳалқаи гесӯйи кистӣ?
Номат баланд гашт ба озодагӣ ба даҳр,
Эй сарв, бандаи қади дилҷӯйи кистӣ?
Монанди ман туро ба маконе қарор нест,
Эй боди субҳидам, ба такопӯйи кистӣ?
Таъсири гул кунад зи ту дар базми ошиқон,
Эй нола, дар ҳавои гули рӯйи кистӣ?
Ҷодуваш аз димоғ барӣ ақлу ҳушро,
Эй май, нишони наргиси ҷодуи кистӣ?
Охир, нагуфтамат, ки нигаҳ дор ҳадди хеш?
Эй ҷон, ба зери ханҷари абруйи кистӣ?
Номи баланд монд зи ту з-ин ғазал ба даҳр,
Айнӣ, ба васфи қомати дилҷӯйи кистӣ?