Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳофизи Шерозӣ
Ҳофизи Шерозӣ

Бушро, из-ис-саломату ҳаллат бизӣ салам

Бушро, из-ис-саломату ҳаллат бизӣ салам, Лиллоҳи ҳамду муътарифин ғоята-н-ниъам. Он хушхабар куҷост, ки ин фатҳи мужда дод, То ҷон фишонамаш чу зару сим дар қадам? Аз бозгашти шоҳ дар ин турфа манзил аст Оҳанги хасми ӯ ба саропардаи адам. Паймоншикан ҳароина гардад шикастаҳол, Инна-л-ъуҳуда ъинда малик-ин-нуҳо зимам. Меҷуст аз саҳоби амал раҳмате, вале Ҷуз дидааш муояна берун надод нам. Дар Нили ғам фитоду сипеҳраш ба танз гуфт: Алъона қад надимта ва мо янфаъу-н-надам. Соқӣ, чу ёри маҳруху аз аҳли роз буд, Ҳофиз бихӯрд бодаву шайху фақеҳ ҳам.