Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Чашмаш афканд тарҳи бедодам,

Чашмаш афканд тарҳи бедодам, Сурма ку, то расад ба фарёдам? Сарви туҳматқафас чӣ чора кунад, По ба гил кардаанд озодам. Шабнами инфиолхосиятам, Ҳама об аст хоки бунёдам. Аз фусуни нафас магӯю мапурс, Хок ногашта мебарад бодам. Дарди ишқ имтиҳони роҳат дошт, Ҳамчу оташ ба бистар афтодам. Дилаш озодиям намехоҳад, Қафас аст орзуи сайёдам. Ӯ дилам дод, то ба худ нигарам, Ман ҳам оина дар кафаш додам. Холиям аз худу пур аз ёдаш, Шишаи маҷлиси паризодам. Бедимоғона нашканад, чӣ кунад? Шиша мехост, дил фиристодам. Нафасе ҳаст, ҷонканӣ муфт аст, Теша дорам ҳанӯз, Фарҳодам. Назму насре ки мекунам таҳрир, Беҳ ки дар зиндагӣ кунад шодам, В-арна, ҳайф аст нақшам аз паси марг Гул занад бар мазори Беҳзодам. Ин замон ҳар чӣ дорам, аз ман нест, Доштам, ончи рафт аз ёдам. Нестӣ ҳам ба доди ман нарасид, Марг мурд, он замон ки ман зодам. Яъси ман имтиҳон намехоҳад, Бедилам, ибрати худододам.