Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

САРВИ РАВОН

Боз имшаб аз хаёли ту ғавғост дар дилам, Ошӯби ишқи он қаду болост дар дилам. Хобам шикасту мардуми чашмам ба хун нишаст, То фитнаи хаёли ту бархост дар дилам. Хомӯшии лабам на зи бедардию ризост, Аз чашми ман бибин, ки чӣ ғавғост дар дилам. Ман нои хушнавояму хомӯш, эй дареғ, Лаб бар лабам бинеҳ, ки навоҳост дар дилам. Дасте ба синаи мани шӯридасар гузор, Бингар чӣ оташе зи ту барпост дар дилам. З-ин мавҷи ашки тафтаву тӯфони оҳи сард, Эй дида, ҳуш дор, ки дарёст дар дилам. Боре умеди хеш ба дилдориям фирист, Донӣ, ки орзуи ту танҳост дар дилам. Гум шуд зи чашми Соя нишони туву ҳанӯз, Сад гуна доғи ишқи ту пайдост дар дилам.