САНГИ ОШТӢ
Ба мурғакони рафта дар сафар,
Ба роҳиёни ҷодаи хатар,
Ба он мусофирони шаҳри шаб,
Ки бар сафинаи фиребу иштибоҳи худ нишастаанд
Ва сӯе мераванд.
Ба мурғакони содадил,
На содадил, ки носипос,
Ки дар сукути як сапедадам,
Ҳисори байзаро дар ин чаман шикастаанд
Ва машқи нолаву талоши болу пар задан
Дар ин фазо намудаанд.
Вале ба имтидоди як садо
Ба имтидоди як ниҳеб
Ҷудо зи ҳамраҳони покдил
Ба бешаҳои бетафовуте гурехтанд
Ва лонаҳои гарми хешро
Ба инҷимоди як сукути маргзо фурӯхтанд.
Касе нагуфт аз миёнашон,
Ки ин ниҳеб аз куҷост?
Ва ин садо садои кист?
—Барои чист?
Касе нагуфт аз миёнашон
Ки ин фирор,
Фирор сӯи маргу нестист,
Фирор аз навиди зиндагист.
Кунун, ки бозгашти лаҳзаҳову рӯзҳо,
Ғубори туҳмату дурӯғи нораво,
Ғубори ҳарфҳову гуфтаҳо,
Зи чеҳраҳои дӯстону душманон
Ба оби озмун зудуда шуд
Ва ҳар чӣ буд озмуда шуд
Ва шеъри гарми зиндагӣ
Ба гӯши сарди хуфтагон суруда шуд.
Шумо парандагони содадил,
Шумо равандагони ҷодаи хатар,
Шумо мусофирони шаҳри шаб,
Чаро диранг мекунед?
Чаро зи шаҳри ранҷҳову ғуссаҳо бурун намешавед,