МУРҒИ ДАРЁ
Он кӣ маст омаду дасте ба дили мо заду рафт,
Дари ин хона, надонам, ба чӣ савдо заду рафт.
Хост танҳоии моро ба рухи мо бикушад,
Танае бар дари ин хонаи танҳо заду рафт.
Дили тангаш сари гул чидан аз ин боғ надошт,
Қадаме чанд ба оҳанги тамошо заду рафт.
Мурғи дарё хабар аз як шаби тӯфонӣ дошт,
Гашту фарёдкашон бол ба дарё заду рафт.
Чӣ ҳавое ба сараш буд, ки бо дасти тиҳӣ,
Пушти по бар ҳаваси давлати дунё заду рафт?
Баски авзои ҷаҳон дарҳаму номавзун дид,
Қалами насх бар ин хатти чалипо заду рафт.
Дили хуршедиаш аз зулмати мо гашт малул,
Чун шафақ бол ба шоми шаби ялдо заду рафт.
Ҳамнавои дили ман буд ба ҳангоми қафас,
Нолае дар ғами мурғони ҳамово заду рафт.