Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

ЛОНАИ ВАЙРОН

Бигзор, ки дар доми ту озод бимирам, Аз дасти ғамат ҷон диҳаму шод бимирам. З-он заҳр, ки аз дӯст расад, ҷон шавад афзун, З-он шаҳд, ки ғайрам кунад имдод, бимирам. Эй лонаи вайроншуда, уммеди ман ин аст: Он гаҳ ки туро бингарам, обод бимирам. Эй ҳастии ман яксара аз номи ту лабрез, Рӯзе, ки равад номи ту аз ёд, бимирам. Хоҳам, ки ба ҳар шохаи ин боғ бинолам, То ҳамчу шабовез ба фарёд бимирам. Эй кош, даме фурсати фарёд биёбам, З-он пеш, ки дар панҷаи сайёд бимирам.