Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

МУРҒИ ЧАМАНИ ОТАШ

Эй ишқ! Ту моро ба куҷо мекашӣ, эй ишқ?! Ҷуз меҳнату ғам нестӣ, аммо хушӣ, эй ишқ! Ин шӯрию ширинии ман худ зи лаби туст, Сад бор маро мепазию мечашӣ, эй ишқ! Чун зар ҳама дар ҳасрати мис гаштанам имрӯз, То боз ту даст ба сари ман мекашӣ, эй ишқ! Дину дилу ҳусну ҳунару давлату дониш, Чандон ки нигаҳ мекунамат ҳар шашӣ, эй ишқ! Рухсораи мардон нигар оростаи хун, Ҳангомаи ҳусн аст, чаро хомашӣ, эй ишқ!? Овози хушат бӯи дили сӯхта дорад, Пайдост, ки мурғи чамани оташӣ, эй ишқ! Бигзор, ки чун Соя ҳанӯзат бигудозанд, Аз бӯтаи айём чӣ ғам? Беғашӣ, эй ишқ!