Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Сози имкон аз шикаст овоз пайдо мекунад,

Сози имкон аз шикаст овоз пайдо мекунад, Бол бар ҳам мехӯрад, парвоз пайдо мекунад Мениҳад пеш аз сухан кардан ба теғи инфиол, Чун қалам ҳар кас забони роз пайдо мекунад. Поси номуси ҳаё ҳам нест осон доштан, Чун ҷабин бар нам занад, ғаммоз пайдо мекунад. Нури ибрат нест дилро бе ғубори ҳодисот, Аз шикаст ин оина пардоз пайдо мекунад. Чун хати паргор бар анҷом месӯзад нафас, То касе сарриштаи оғоз пайдо мекунад. Ҳамчу шамъ афсонаи даъвӣ мусалсал кардаӣ,329 Ин забон охир даҳони гоз пайдо мекунад. То бувад мумкин, ҳадиси пунба бояд гӯш кард, Нағмаҳо ин маҳфили бесоз пайдо мекунад. Нафси кофарро мусулмон кун, камол ин асту бас, Сеҳр чун ботил шавад, эъҷоз пайдо мекунад. Ҳусн бе эҷоди ишқе нест дар иқлими ноз, Гул чу мавҷи ранг зад, гулбоз пайдо мекунад. Аҷз чун мавсули базми кибриё шуд, аҷз нест, Гар ниёз он ҷо расондӣ, ноз пайдо мекунад. Чун нигаҳ ҳарчанд ҳар мижгон задан гум мешавем, Ҳасрати дидор моро боз пайдо мекунад. По зи ҷӯши обила, Бедил, муқими доман аст, Ҳар кӣ сомон кард аҷз, эъзоз пайдо мекунад.