Дил аз дами муҳаббат чандин футур
Дил аз дами муҳаббат чандин футур
дорад,
Ин бода сахт тунд аст, бар шиша зӯр дорад.
Номаҳрами қазоӣ, шӯхӣ макун дар ин дашт,
К-он барқ бар сиёҳӣ чашме зи дур дорад.
Бо инҳирофи ҳар вазъ нанги таҷоҳуле ҳаст,
Чашми тағофулиншо тақлиди кӯр дорад.
Ҳамсанги хомкорон мапсанд пухтагонро,
Алмоси маъдани мо шарм аз булӯр дорад.
Ошиқ ба азми мақсад муҳтоҷи роҳбар нест,
Парвона дар таҳи бол мактуби нур дорад.
Гар аз хами кулоҳ аст арзи ҷалоли шоҳон,
Гарди шикасти мо ҳам аҷзи ғаюр дорад.
Гар марди эҳтиётӣ, аз худ мабош ғофил,
Тӯфон ба ҳар масомат
чандин танӯр дорад.
Талх аст айши имрӯз аз гуфтугӯи фардо,
Дар хонае ки моем, ҳамсоя шӯр
дорад.
Ноқобили тавозуъ магзар зи базми аҳбоб,
Оҳ аз касе, ки з-ин об бе пул убур дорад.
Нанг аст ваҳми тимсол дар ҷилвагоҳи таҳқиқ,
Машшота беҳ, к-аз ин базм оина дур дорад.
Аз худ баромадан низ дар кеши аҳли таслим,
Харчанд саркашӣ нест, вазъи ғурур дорад.
Бедил, камоли ҳар чиз бар ҷавҳарест мавқуф,
Ҷое ки ман набошам, ибрат қусур дорад.