Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Ба кунҷи абруи дилдор холи фитнакамин

Ба кунҷи абруи дилдор холи фитнакамин Сиёҳпӯш сияҳхонаест гӯшанишин. Чу соя ҷазбаи хуршеди ӯ саропоям Чунон рабуд, ки нагзошт саҷдаам ба ҷабин. Суроғи мардумак аз чашми мо магиру мапурс, Хаёли холи сиёҳи ту кардааст камин. Ҳавои гулшани ёди туро баҳоре ҳаст, К-аз ӯ чу шуъла тавон кард нолаҳо рангин. Чу субҳ аз дами теғи ту пой то ба сарам Ҷароҳатест, ки дорад табассуме намакин. Ба шуълакории ғайрат ҳазор дӯзах нест, Ба сӯзи ҳастии ман ё ба сӯи ғайр мабин. Ба ҷилваат рагигулдастабанди мижгонам, Баҳор мечакад ин ҷо зи домани гулчин. Зи бас ба ҳасрати ранги ҳино гудохтаам, Зи хоки ман кафи пои ту мешавад рангин. Ҳуҷуми ҳайратам аз нақши пои худ дарёб, Ту мехиромию ман нақш бастаам ба замин. Чу кӯҳ ғайри замингириям илоҷе нест. Шикаст дар раҳи ман шишаҳо дили сангин. Тапидан аз чӣ ҷарас вом боядам кардан? Нафас надораму дил нола мекунад талқин. Зи сар барор ҳавоҳои офиятталабӣ, Ба оламе ки манам, соя нест соянишин, Дар ин ҳадиқа сару барги хоби ноз кирост? Баҳор ҳам зи пари ранг мекунад болин. Баҳори лолаи ин боғ дидаӣ, Бедил, Ту ҳам ба хотами дил доғ неҳ ба ҷои нигин.