Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

РАВШАНИ ГӮЁ

Дерест, ки аз рӯи дилорои ту дурем, Муҳтоҷи баён нест, ки муҳтоҷи ҳузурем. Торику тиҳӣ пушту паси ойина мондем, Ҳарчанд ки ҳамсояи он чашмаи нурем. Хуршед куҷо тобад аз ин домгаҳи марг, Ботил ба умеди саҳаре з-он шаби гӯрем? З-ин қиссаи пурғусса аҷаб нест шикастан, Ҳарчанд ки бо ҳавсалаи санг сабурем. Ганҷест ғами ишқ, ки дар зери сари мост, Зорӣ макун, эй дӯст, агар бе зару зӯрем. Бо ҳиммати воло, кӣ барад миннати фирдавс, Аз ҳур чӣ гӯӣ, ки на аз аҳли қусурем? Ӯ пили дамонест, ки парвои касаш нест, Моем, ки дар пои вай афтода чу мӯрем. Он равшани гӯё ба дили сӯхтаи мост, Эй Соя, чаро дар талаби оташи Тӯрем?