Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

АЪМО

Одами аъмо доимо «менигарад» сӯи само. Тира менамояд пардаи сафед дунёи равшанро, аммо меёбад моварои тирагиҳо роҳи рафтанро. Пилкҳояш мепаранд, метапанд чун ларзаи мавҷ ё су-суи нур; мижжагонаш болак мезананд мисли парвона сӯи осмон, ки чаро, эй худо, дили бино додӣ, надодӣ чашми бино? Зери осмони бениҳоят саропо шикоят, додхоҳ, имдодхоҳ, аз даргоҳи таоло, менигарад ба боло. Дастҳояш, пойҳояш мепалмосанд роҳҳоро. Асояш – он ягона муттакояш, он ягона роҳнамояш тук-тук мекӯбад пушти заминро; балки мекӯбад
АЪМО | Шоирон