Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

ИЛТИҶО ҚАБЛ АЗ ТАРКИ ДУНЁ

Агар ман мурдаам, гӯшам мешунавад. Ҳар чӣ аз дил ояд, бигӯед, мешунавам дар гӯр ҳам фарёди шуморо, навҳаву мӯя, оҳу доди шуморо. Чашмонам баста, забонам гиреҳхурда, мағзам сокит, бӯеро намешунавам, дилам таркида, ҳама аҷзоям қатъан орамида, аммо шунавоим зинда, гӯш ба садои шумо дорам. Ҳар чӣ аз дил ояд, бигӯед, агар бад будам, агар нек, агар хом будам, агар не, агар муҳим будам ё ночиз, агар қодир будам ё оҷиз бигӯед бериё то бидонам сазоворам ё на ба дуои шумо, ба як бел хоке, ки меафканед ба боми гӯрам. Ҳар чӣ бигзарад аз дилатон, бигӯед дар сари хокам, то барои охирин бор садоҳоятонро шунида, ором бихуспам бо дили пок дар дили хок. На, нагирйед, эй дӯстон, ки шод шавад аҷал! Шеър бихонеду ғазал, тарона бизанед,