ФАРДО
Набарди нохудову хатми тӯфонро салом аз мо,
Ба фарқи аждаҳо покӯби гардонро салом аз мо.
Биҳамдуллоҳ, ки чашми мо шикасту шабпарастон дид,
Тулуъи барқи шамшери далеронро салом аз мо.
Шаётин ҳиллаҳо карданд, то нобуди мо созанд,
Фурӯ кӯбидани конуни шайтонро салом аз мо.
Ба хоки тира наъши лошахоронро зи мо нафрин,
Ба авҷи қулла парвози уқобонро салом аз мо.
Агарчи дасти ғоратгар шарар андар найистон зад,
Набарди гарми шерони найистонро салом аз мо.
Ба як дам рӯфтанд аз шаҳру аз деҳ тухми душманро,
Занону пирмардону ҷавононро салом аз мо.
Тамизи узбаку ҳазораву паштуну тоҷик нест,
Ба ҳам ҷӯшида нерӯи далеронро салом аз мо.
Асотире адӯро чеҳра андар хок молиданд,
Асотире набарди қаҳрамононро салом аз мо.
Зи махфигоҳи дарси духтарон то гӯшаи зиндон,
Набарди махфии зулматситезонро салом аз мо.
Ало, эй боди шабгире, гузоре сӯйи Кобул кун,
Бигӯ, он бостонӣ шаҳри вайронро салом аз мо.
Гузар кун бар Шимолу, бар Ҷанубу Машриқу Мағриб,
Бибар он сар ба сар сангарнишинонро салом аз мо.
Дуруде гарм сӯйи Лугару Лағмону Ғазнӣ бар,
Ҳироту Қандаҳору Балху Бағлонро салом аз мо.
Ғуруби Бомиёнро бӯсаборон кун, сипас баргӯ,
Ҳавои равшани субҳи Самангонро салом аз мо.
Ғурури кӯҳи ёқути Бадахшонро дуруд аз ҷон,
Сурури сояҳои токи Парвонро салом аз мо.
Зи умқи дар(р)аи Панҷшер то фарқи сари шамшод,
Қиёму қаҳрамониҳои шеронро салом аз мо.
Уқоби хастаи Помирро азмо басе таъзим,
Паланги ташнаи кӯҳи Сулаймонро салом аз мо.
Ба хоби хок нақши хӯшаву хирман муборак бод,
Ба коми киштзорон тамъҳи боронро салом аз мо.
Чаман бе чаҳ-чаҳи мурғон чӣ даҳшатноки холӣ буд,
Ба гулшан бозгашти андалебонро салом аз мо.
Бибол, эй коч, аз ҷангал карахтӣ кӯч кард охир,
Ба яхбандон шабехун зад баҳоронро салом аз мо.