Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Бонги ҷашни тоҷикон ояд ҳаме,

Бонги ҷашни тоҷикон ояд ҳаме, Ғулғули Сомониён ояд ҳаме. Аз Бухоро бар Душанбеи шариф «Бӯи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме». Бар Душанбе – пойтахти тоҷикон, Тахти бахти тоҷикон ояд ҳаме. Ҳон, магӯ Исмоили Сомонӣ мурд, Зинда бо сад корвон ояд ҳаме. Корвонаш ҳомили номусу ном, Ончунон буд, ончунон ояд ҳаме. Корвонаш нимароҳа монда нест, Вориси тоҷи каён ояд ҳаме. Кушта будандаш адувон, баҳри мо Зинданому зиндаҷон ояд ҳаме. Чун дилаш дар ёди миллат метапид, Рӯи каф дил армуғон ояд ҳаме. Аз миёни чанд қарни ашку хун Паҳлавону қаҳрамон ояд ҳаме. Эй Душанбе, боз кун оғӯши хеш, Шоҳи Сомон меҳмон ояд ҳаме. Меҳмон гуфтам? Ғалат гуфтам, бубахш, Меҳмон не, мизбон ояд ҳаме! Гарчи аз майдони ҷанги беамон Ӯ саропо хунчакон ояд ҳаме. Назди мо бо ормонҳои бузург, Номаи амну амон ояд ҳаме. Номаи мо ормони дигар аст, Лек ӯ чун ормон ояд ҳаме. Ӯ баҳори рафтаро бозоварад, Ӯ алорағми хазон ояд ҳаме. Эй Душанбе, дар канорат рӯи тахт Мири Сомон ҷовидон ояд ҳаме. То ҷавонӣ оварад бар халқи хеш, Мир Исмоил ҷавон ояд ҳаме. Бо насими бӯи Ҷӯи Мӯлиён Бар Ҳисори Шодмон ояд ҳаме. Рӯди Варзобу ҳама амвоҷи маст Пеши ӯ доманкашон ояд ҳаме.