МАВҶИ МАСТ
Мурдему орзуи ту аз дил намеравад
Моро шаҳид кардаву қотил намеравад.
Аз ғафлати ту захмии мижгони ӯ шудам,
Эй дил, касе ба маърака ғофил намеравад.
Зоҳид, бирав зи ҳалқаи риндону кам хурӯш,
Дар гӯши мо насиҳати ҷоҳил намеравад.
Аз рӯҳи беқарори ман осудагӣ махоҳ,
Ин мавҷи маст ҷониби соҳил намеравад.
Чун ишқ ҷилва кард ҳавасро гузошт дил,
Ҳақро чу дид кас паи ботил намеравад.
Бе коми дил зи боргаҳи ишқ нагзарем,
Чун аз дари карим, ки соил намеравад.
Фонӣ, зи базми ёр чӣ сон по кашам бурун?
Парвона то насӯхт зи маҳфил намеравад.