Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

АЖДАҲО

Ё Раб, маро сӯзе бидеҳ, то сӯзам ин савдо аз ӯ, Ҷонро кунам воло аз ӯ, танро кунам расво аз ӯ. Носеҳ, бигӯ, пандам мадеҳ, чун панди ӯ ман нашнавам, Ин ишқу ин ғамҳо зи ман, осоиши дунё аз ӯ. Ғам ҷангали беинтиҳо, ман аждаҳои оташин, Ӯ мешавад хок аз дамам, ман мешавам пайдо аз ӯ. Эъҷози чашмони туро ман дидаам бо чашми худ, К-ӯ қатрае бахшиду рафт, ман гаштаам дарё аз ӯ. Эй ақл, ҳайронам, ки ман, аз ишқ нолам ё зи ту? Бетобии рӯзам зи ту, бехобии шабҳо аз ӯ. Он ошнои ҷони мо, то рафт дил шуд дар наво, Гуфтам: Зи кӣ нолад, дило? Гуфто: аз ӯ, танҳо аз ӯ. Фонӣ, дили шӯридаро дар ҳашр ҳамроят мабар, Варна ба маҳшар мешавад шӯри дигар барпо аз ӯ.