Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

ХУНБАҲО

Эй дӯст, шод бош, ки шодӣ сазои туст, Ин ганҷ музди тоқати ранҷозмои туст. Субҳи умеду партави дидору базми меҳр, Эй дил, биё, ки ин ҳама аҷри вафои туст. Ин боди хушнафас ба муроди ту мевазад, Рақси дарахту ишваи гул дар ҳавои туст. Шабро чӣ заҳра, к-аз сари кӯи ту бигзарад, К-он офтоби сояшикан дар сарои туст? Хуш мебарад туро ба сари чашмаи мурод, Ин ҷустуҷӯ, ки дар қадами раҳкушои туст. Эй булбули ҳазин, ки тапидӣ ба хуни хеш, Ёди ту хуш, ки хандаи гул хунбаҳои туст. Дидӣ, дило, ки хуни ту охир ҳадар нашуд, К-ин рангу бӯи гул ҳама аз нофаҳои туст. Пинҳон шудӣ чу ханда дар ин кӯҳсору боз, Ҳар сӯ гузори қофилаҳои садои туст. Аз офтоби гармии дасти ту мечашам, Бархез, к-ин баҳори гулафшон барои туст. Бо ҷони Соя, гарчи даромехтӣ чу ғам, Эй дӯст, шод бош, ки шодӣ сазои туст.