Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Чӣ маънибаёнӣ, чӣ лафзошноӣ?

Чӣ маънибаёнӣ, чӣ лафзошноӣ? Расоӣ мадон, то зи худ барнаёӣ. Чу рӯ ёбад оинаи беҳаёӣ, Шавад ҷавҳаророи дандоннамоӣ. Чӣ миқдор ороиши ханда дорад Кафе хоку он гаҳ димоғи худоӣ. Матан бар ғуруре ки монанди оташ Равӣ шуълае чанду хокистар оӣ. Нафасмояро мекушад лофи ҳастӣ Ба расвоии безару мирзоӣ. Фалак ғам надорад зи оҳи заифон, Чӣ парво ҳадафро зи тири ҳавоӣ? Дар оинаи ҳуши мо занги ғафлат Нуҳуфтаст чун фисқ дар порсоӣ. Ба дарди сари туҳмати саркашиҳо Ману офиятсандали ҷабҳасоӣ. Чу резад пару боли ман аз тапидан, Шикасти қафасро шавад мӯмиёӣ. Сухан кард тӯфонии инфиолам, Шино дод сози маро тарсадоӣ. Қаноат кунад маркази обрӯят, Шавад қатра гавҳар ба саброзмоӣ. Агар киштии осмон ғарқ гардад, Қаландар надорад ғами нохудоӣ. Дар ин анҷуман ғайри ибрат чӣ дорад Ғурури наю хиҷлати буриёӣ? Ба ҳастӣ манумо зарурист, Бедил, Нафас нест ҷуз мояи худситоӣ.