Тук-тук бизанад ба рӯи роҳу лаби роҳ,
Тук-тук бизанад ба рӯи роҳу лаби роҳ,
Яъне ки равонаем, алҳамдиллоҳ!
Дар рубоб
Ба дасти ҳар касе дасти рубоб аст,
Яқин донед дар аҳди шабоб аст.
Дар най
Аввал ӯ устухони одам буд,
Нолаи ӯ аз ин сабаб гирост,
Ки ба сӯзонию таболудӣ
Нолаи устухони одамҳост.
Дар даф
Ҳар кас, ки садои нолаам таъна занад,
Дар чанбарае чу ман фитад, нола кунад.
Дар гулдон
Гули зебои худрӯи куҳистон,
Маё поин зи тори кӯҳсорон.
Маё поин, ки арзонат фурӯшанд
Барои як пашизе гулфурӯшон.
Дар болор
Мард он ки барои ҳастии халқ
Бо бешу ками ҷаҳон ситезад.
Он ҷо, ки бирехт хуни нофаш,
Бояст ки хуни дил бирезад...
Дар девори дорукада
Дарди мансаб, дарди шуҳрат – дарди зӯр,
Мешавад дармон фақат дар хоки гӯр.
Аз худу аз зиндагонӣ ғамзада
Баҳри доруе маё дорукада...
Дар гардани кӯза
То маро аз гил сиришта кӯзагар,
Хоки ҷамъи мардуми ошуфтаам.
Пур кунед аз об ё аз май маро,
Баски хоки ташнагони рафтаам.
Дар сардарӣ
Дар хона агар хандаи одам бошад,
Он хона пур аз баҳори олам бошад.