Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

ПЛОН

(Мазҳака) Чӣ давроне, чӣ айёме Ба дарё ҳам плон додем, Ба кӯҳҳо ҳам плон додем, Ба саҳро ҳам плон додем. Плон бар барфу борон ҳам, Плон бар бешазорон ҳам, Плон бар обшорон ҳам, Плон бар беқаророн ҳам. Ба ҷоҳил ҳам плони кор, Ба оқил ҳам плони кор, Ба шоир ҳам плони кор, Ба шофир ҳам плони кор. Ба ҳар санге, ба ҳар ранге, Ба ҳар кӯҳе, ба ҳар коҳе, Ба ҳар роҳе, ба ҳар чоҳе плон додӣ. Валекин умри одам бе плон аст.