Азбаски ба таҳсили ғано ҳирси ту ҷон канд,
Азбаски ба таҳсили ғано ҳирси ту ҷон канд,
Қабр аст, нигине ки ба номи ту тавон канд.
Ҷуз тухми надомат чӣ кунад хирман аз ин дашт?
Беҳосили ҷаҳде, ки замини дигарон канд.
Чун шамъ дар ин варта фурӯ рафт ҷаҳоне,
Растан чӣ хаёл аст, зи чоҳе ки забон канд?
Имрӯз ба ҳукми асари лофи таҳаввур
Рустам зани мардест, ки боли магасон канд.
Дар ҳар кафи хоке ду ҷаҳон решаи мастист,
Бо қуввати тақво натавон бехи разон канд.
Зуҳҳод зи бас ҷонбалаби сарфаи ришанд,
Дар мотами ин мурдадилон мӯ натавон канд.
Фарёд, ки роҳе ба ҳақиқат накушудем,
Нақбе ки ба дил канд нафас, сахт ниҳон канд.
Чун ғунча ба ҷамъияти дил сохта будем,
Ин уқда кӣ во кард, ки моро зи миён канд?
Дар дил ҳавасе по нафишурд аз рами фурсат,
Ҳар сабза ки бар реша зад, ин оби равон канд.
Печухами ин уқда кушудем ба пирӣ,
Яъне ки ба дандон натавон дил зи ҷаҳон канд.
Бедил, на ба дунёст қарорат, на ба уқбо,
Хӯрдаст хаданги ту аз ин ҳафт камон канд.