Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Дар ҷигар сад ранг тӯфон кардаем,

Дар ҷигар сад ранг тӯфон кардаем, То сиришке назри мижгон кардаем. Ҳайрат аз товуси мо пар мезанад, Ваҳшатеро наргисистон кардаем. Ахгари мо пардаи хокистарест, Байзаи қумрӣ намоён кардаем. То нафас бар худ тапид, оина нест, Чун ҳубоб ин ҷилва сомон кардаем. Шабнами мо ҷайби хиҷлат медарад, Як арақ оина урён кардаем. Нола ҳасратхонаи дидори ӯст, Дар нафас оина пинҳон кардаем. Ишқ аз маҳрумии мо доғ шуд, Бе ҷунун сайри биёбон кардаем. Даст бар ҳам судане дорему бас, Хидмати табъи пушаймон кардаем. Мову шамъи кушта натвон фарқ кард, Ин қадар сар дар гиребон кардаем. Мотами фурсат зи ҳайрат равшан аст, Ҷои мӯ мижгон парешон кардаем. Эй тавоноӣ, ба зӯри худ маноз, Мо заифон ончи натвон, кардаем. Аз ҳуҷуми ашки мо, Бедил, мапурс, Ёр меояд, чароғон кардаем.