Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

АНДУҲРАНГ

Меравӣ, аммо гурези чашми ваҳширанги ту, Рози ин андуҳи беором натвонад нуҳуфт. Меравӣ хомӯшу мепечид ба гӯши хастаам, Он чӣ бо ман ларзиши лабҳои бе тоби ту гуфт. Чист, эй дилдор, ин андуҳи беором чист, К-аз нигоҳат метаровад ноздору шармгин? Оҳ, меларзад дилам аз нолаи андуҳбор Кист ин бемор дар чашмат, ки мегиряд ҳазин? Чун хазоноро гули маҳтоб рӯъёрангу маст, Мешукуфад дар нигоҳат рози ишқе ношикеб. В-аз миёни сояҳои ваҳшии андуҳранг, Ханда мерезад ба чашмат орзуи дилфиреб. Чун сафои осмон дар субҳи намноки баҳор, Метаровад аз нигоҳат гиряи пинҳони дӯш. Оре, эй чашми гурезоҳанги сомонсӯхта, Бар чӣ гирён гашта будӣ? Оҳ, эй чашми сиёҳ. Аз тапидан бозмемонад дили хушбоварам, Дар гумони ин ки шояд шояд он ашки ниҳон, Буд дар хилватсарои синаат ёдоварам.