ЧАРОҒҲОИ ВАТАН
Пас аз чанд рӯзу шаби роҳ рафтан,
Пас аз интизорию шабҳо нахуфтан,
Пас аз қисса бишнидан, афсона гуфтан,
Пас аз кӯҳу талҳо, дараҳо гузаштан,
Пас аз хотироти зиёде навиштан,
Пас аз дар хароботҳое нишастан,
Ба ҷое, ба саҳрои хушке расидем,
К-аз он ҷо умеди дили хеш дидем.
Дигар дар қафо монд мулки мусаххар,
Ҷиболи Ҳимолои бепою бесар,
Сари Ҳиндукушу гузаргоҳи Хайбар.
Ба болои сар Моҳтобу ситора
Намуданд чун гавҳари пора-пора.
Ба гирду ба пешам чу кардам назора.
Фақат регзорею вайрона дидам,
Фақат ман садои шағолон шунидам.
Ба ҳангоми шоми сиёҳею торе,
Зи рӯи баландии пурғам диёре,
Ба сад ифтихору ба сад беқарорӣ,
Шимоли дурахшандаро дидам аз дур,
Ки мекард ҷилва чу як хирмани нур,
Чароғони Тирмиз рахшанда буданд,
Ба рӯи замин шуъла афканда буданд.
Ба монанди чашмони пурханда буданд.
Сари Бойсун зери ин шуълаборӣ
Сафед аст чун бахти марди ҳисорӣ.
Чароғони Илич - чароғони Ленин,
Ки карданд чашмони моро ҷаҳонбин,
Маро менамуданд даъват дар ин ҳин
Ба оғӯши гарми диёри ҳабибам,
Ба оғӯши ин халқи чун дил қарибам.
Мана, бар лаби рӯди Омӯ расидам,
Садоҳои мавҷаш ба ғӯшам шунидам,
Ду по аз ҷаҳони куҳан баркашидам.
Ба болои сероб дарёи Омӯ
Равонам ба сӯи Ватан шодмонрӯ.
Маро интизоранд дар соҳили он
Ҳама дӯстону ҳама посбонон,