ХАЁЛИ ХОМ
Буд даште васеу регистон,
Ки аз он шуд хиҷил дили инсон.
Оташафшону хокбирён буд,
Душмани беамони деҳқон буд.
Сабзаеро напарварида намаш,
Сӯхт тухми гиёҳро ба дамаш.
Дашт домандароз метобид,
Рӯзу шаб мурдавор мехобид.
Кард беҳад равандагон дилгир
З-оташи реги ҷони одамгир.
Сӯхта, пухта роҳ мерафтанд,
Бо дили сип-сиёҳ мерафтанд.
Як дарахте дар интиҳои дашт
Дастгири равандагон мегашт.
Ҳар тараф шохҳош ёзонда,
Баргҳо аз шамол бозонда,
Ба замин рӯз соябон мешуд,
Садди гармии пурзиён мешуд.
Нафаси ҳар равандае, ки расид,
Андар он соя рост мегардид.
З-ин сабаб зад дарахти саҳроӣ,
Ба ҷаҳон лофҳои яктоӣ.
Ҳар киро дида ман-манӣ мекард,
Бо ҳамин нағма гапзанӣ мекард.
Ки: «Бубин, ман чӣ сон сарафрозам,
Яккаву беназиру мумтозам!
Дар биёбон мисоли ман аз сар
На будасту на мешавад дигар.
Ман набошам, зи чӯли сӯзанда
Ҳеҷ як кас намеравад зинда.
Шукр кун, шукр, сояам з-ин пас
То нагардад кам аз сари ҳар кас,
То абад дор ҳурматамро пос,
Қимати хизмати маро бишнос,
Ҳар куҷое, ки меравӣ, аз ман
Сарфарозӣ куну бигӯ, аҳсан».
Ҳар кӣ бишнид ин суханҳоро,
Ин суханҳои пасту болоро,