Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Устоди мушфиқи мо,

Устоди мушфиқи мо, Табиби ҳозиқи мо. Аслиддини Осимӣ! Дар ин ҷашни фархунда, ки панҷоҳ сол аз умри Шумо аз баҳри дармонҳо – дармони дарди инсонҳо тай шуда, табрикҳо, миннатҳо ва таҳниятҳои моро, ихлоси мо, эътиқоди мо, муҳаббатҳои моро бипазиред ва барои ҳамеша дур аз озорҳо ва наздик ба ифтихорҳо бошед! Шумо чун табиби наҷиб, Инсони шарафманд, Марди бо дилу гурда басо дилҳоро эҳдо кардед тасалло, шикастед санги гурдаҳоро, то беморон низ дошта бошанд гурдаи пур, зиндагӣ кунанд нарму беозор, шоду масрур, зеро бе санги гурда ҳам дар роҳи зиндагии инсон санг бисёр аст ва пои инсонҳо аз онҳо обиладор аст... Шумо басо аз гурдаҳо санги намакро берун кардед, то беморон намаки зиндагиро, намаки ҳусну зебоиро бо тамоми вуҷудашон бичашанд