Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

ХОКРӮБ

Дар кӯчаҳои шаҳр Ҳар субҳдам нигар – Пири хамидае, Меҳнаткашидае Ҷорӯб мезанад. Дар мижжаҳои ӯ Хобида гардҳост. Дар кӯзапушти ӯ Зардоби дардҳост. Мурдасту зинда аст Чанде дар ин ҷаҳон. Умраш хазон шуда, Рӯбад зи раҳ хазон. З-ин раҳ ҷавонияш Кайҳо гузаштааст. З-ин раҳ зи дӯши ӯ Дунё гузаштааст. Рӯзаш шудаст шом, Ӯ субҳҷӯ ҳанӯз. Хезад ҳама саҳар Бар пешвози рӯз. Хаш-хаш дами саҳар Дар кӯчаҳои шаҳр Ҷорӯб мезанад, Аз баҳри Офтоб Раҳ тоза мекунад...