Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Боз аз дил ба суи дидаи мо меоӣ,

Боз аз дил ба суи дидаи мо меоӣ, Эй дилу дида фидоят, зи куҷо меоӣ? Хушксоли тараб иқболи тароват дорад, Неъмат арзонии мо, қаҳтзудо меоӣ. Аз гудози дили ҳасратзадагонат хабарест, К-ин қадарҳо арақолуди ҳаё меоӣ. Абрҳо дар қадамат резиши гавҳар доранд, Фасли найсонию сероби сахо меоӣ. Мехиромӣ туву ман нози таҳайюр дорам, Гӯӣ, аз баҳри мани бесарупо меоӣ. Эй муроди ду ҷаҳон орзуи муштоқон, Ҳар қадам бар сари сад дасти дуо меоӣ. Рафтану омаданат омадурафти дигар аст, Мавҷи гул меравию оби бақо меоӣ. Шаш ҷиҳат дидаи ушшоқ ба роҳат фарш аст, Чӣ қадар оинабин номи Худо меоӣ. Дида то дил ҳама гулчини баҳороғӯш аст, Чашми бад дур, аҷаб уқдакушо меоӣ. Ку макону чӣ замон, к-аз ту тавон ёфт тиҳӣ? Ҳама дам бо ҳама кас дар ҳама ҷо меоӣ. Шаби Бедил нашавад рӯз? Чӣ имкон дорад? Ки ту хуршедию дар кишвари мо меоӣ.