Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

НӮШИ НИГОҲ

Боз во шуд зи чашмаи нӯше Ҳамчу боронзулоли нозу нигоҳ, Боз дар ҷоми ҷони ман сар дод, Ҳамчу маҳтоб бодаи дилхоҳ. Бозам аз даст мебарад нигаҳе, Нигаҳе чун шароб мастибахш, Чӣ нигоҳе, ки ҳамчу бӯи гулоб, Мешавад дар машоми ҷонам пахш. Оҳ, менӯшамат чу шираи гул, Чистӣ, эй нигоҳи нозолуд? Ту гулобӣ, гулоби шаҳдогин, Ту шаробӣ, шароби гулолуд. Чӣ шаробе, к-аз он пиёлаи чашм, Ҳамчу лағзоб соғари лабрез, Мечакад хуш ба коми ташнаи ман, Оташафрӯзу орзуангез. Оҳ, паймонае дигар, ки ҳанӯз Мегудозад зи ташнагӣ ҷигарам. Чӣ шаробӣ ту? Ваҳ, чӣ шӯрангез, Сар кашидам турову ташнатарам.