Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Мо натавонему ишқ панҷа дарандохтан

Мо натавонему ишқ панҷа дарандохтан, Қуввати ӯ мекунад бар сари мо тохтан. Гар диҳиям раҳ ба хеш, ё нагузорӣ ба пеш, Ҳар ду ба дастат-дар аст-куштану бинвохтан. Гар ту ба шамшеру тир ҳамла биёрӣ, равост, Чораи мо ҳеч нест, ҷуз сипар андохтан. Киштии дар обро аз ду бурун ҳол нест: Ё ҳама суд, эй ҳаким, ё ҳама дарбохтан. Мазҳаб агар ошиқист, суннати ушшоқ чист? Дил, ки назаргоҳи ӯст, аз ҳама пардохтан. Пояи хуршед нест пеши ту афрӯхтан, Ё қаду болои сарв пеши ту афрохтан. Ҳар кӣ чунин рӯй дид, ҷома чу Саъдӣ дарид, Мӯҷиби девонагист офати бишнохтан. Ё бигудозам чу шамъ, ё бикушандам ба субҳ, Чора ҳамин беш нест-сӯхтану сохтан. Мо сипар андохтем бо ту, ки дар ҷанги дӯст Захм тавон хурду теғ барнатавон охтан.