Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

НИГИНИ САБЗИ ИМОН

Дареғ, эй ҳамраҳон, эй ҳамдилон, эй номҷӯёни ғурурободи навмедӣ, Ки он гарде, ки аз коми наҳанги сурх берун ҷаст, Кунун бо аждаҳо дасту гиребон аст, Танаш аз зарбати санги маломат захмборон аст. Дигар бозуи ӯ бозуи Рустам нест, Дигар мушташ Хушунатбору душманкӯбу маҳкам нест. Дигар ин захмии торихро аз ҳеч сӯ умеди марҳам нест. Ҳама гӯянд: Инак, аз хутути чеҳраи ин фотеҳи мағлуб, Шикасту сарнавишти талхи фардояш намоён аст. Ҳама гӯянд: Ин гурди асотирӣ, Кунун аз лаҳзаи талхи шикасти худ ҳаросон аст. Вале аз дур овое ба гӯш ояд, Ки то ишқ асту инсон аст, Шикасти инчунин гурде на осон аст. Ки ин гурд аз нажоди паҳлавонон аст, Ва бар ангуштари зеҳнаш нигини сабзи имон аст.