Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

ҚАСДИ ПАҲЛӮИ ОФТОБ КУНЕМ

Гуфта буд як рафиқ аз Найроб, Ки «Шабе гар бубиниам дар хоб, Дар сари хатти устувоям ман, Сару по аз миён ҷудоям ман. Монда сар дар Ҷануб, по ба Шимол, Кӯраи арзро кунам ишғол. Вақт гӯё дар ихтиёри ман аст, Гардиши рӯзгор кори ман аст». Ман ҳам огоҳ аз шитоби вақт, Рафтаам ман ба сарҳисоби вақт. Чун ба Кайҳон парад фалакпаймо, Ба фалак ҳамраҳаш шавам боло. Дар ҷаҳон борҳо сафар кардам, Аз хати устуво гузар кардам. Баъд аз ин дурии масофа намонд, Аз назар дур як қиёфа намонд. Вақт моро барад шитобкунон Ба суроғи тамоми оламиён. Ҳар сафар аз сафар ки баргардам, Шоҳиди муъҷизи дигар гардам: Нашиносам диёри худро зуд, Гоҳ ҳайрон шавам, гаҳе хушнуд. Гирду атрофро назора кунам, Пас ба ҳар нуқтае ишора кунам. Буд он ҷо замини бекоре, Манзили баччагони бисёре. Дашти холии тӯббозон буд, Хоки он дар ҳаво ба ҷавлон буд. Дашт акнун китобхона шудаст, Хонаи чандошёна шудаст. Буд дар ин канори шаҳри азим, Кӯчае монда аз ҷаҳони қадим. Лойи он кӯча то миён мезад, Рафтану омадан ба ҷон мезад. Қад кашидаст дар чунин ҷое, Пурҳашам қасри шаҳророе. Қасри зебои шаҳри олишон, Боргоҳи арӯсу домодон.