Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

БОҒБОН ВА БУЛБУЛ

Дар он даште, ки ҷои хор будӣ, Пур аз гургу шағолу мор будӣ. Бапо гардида як боғи ҳуҷиста, Дар он гулҳои рангоранг раста. Зи ҷаъди анбарини худ ба булбул Ҳамеша мушкбезӣ мекунад гул. Ба боло сар кашида ҳар ниҳоле, Бувад нашъунамои баркамолӣ. Нахи сунбул мисоли мӯи духтар Сафобахшанда асту тозаву тар. Ба шохи гул нишаста бетаҳаммул, Зи шодӣ булбулон дар шӯру ғул-ғул. Вале як булбули хушхони сармаст Зи ҷо монанди раққосон ҳамеҷаст, Парида ҳар замон бар шохи дигар, Суруда достони гул саросар. Шакар мерехт аз минқори булбул, Зи ҳар як лафзи шакарбори булбул. Зи ишқаш боғбонашро хабар дод, Ба пеши ӯ китоби ишқ бикшод. Аз ин шуд боғбон якбора хушҳол, Бигуфто: «Зан ба ишқи гул пару бол, Баҳори боғи мо охир надорад, Ҳамеша бар сари ту гул биборад».