Ёрро аз лутф бар ҳолам назар будӣ, чӣ будӣ?
Ёрро аз лутф бар ҳолам назар будӣ, чӣ будӣ?
Ё маро ҷуз ошиқӣ кори дигар будӣ, чӣ будӣ?
Мерасид он бевафо дар кулбаи фақрам, чӣ будӣ?
Ё маро дар кӯйи ӯ роҳи гузар будӣ, чӣ будӣ?
Васл бо он кӯтаҳӣ, ҳиҷрону ин дуру дарозӣ,
Шоми ғам чун субҳи шодӣ мухтасар будӣ, чӣ будӣ?
Меҳру лутфе нест гар он шӯхро бо банда боре,
Қаҳру унфе бо рақиби сифла гар будӣ, чӣ будӣ?
То хиромон мерасад он нозанин, ҷон мефазояд,
Ҷисми зорам хок бар он раҳгузар будӣ, чӣ будӣ?
Дил рабуд аввал ба сад лутф, он гаҳе ҳолам напурсид,
Ин тағофул як-ду рӯзе бештар будӣ, чӣ будӣ?
Ёр мехонад ба базми васл арбоби ғаноро,
Айнии бечораро ҳам мушти зар будӣ, чӣ будӣ?