Ҷони ман, ҷони ман фидои ту бод
Ҷони ман, ҷони ман фидои ту бод,
Ҳечат аз дӯстон наёяд ёд?
Меравӣ в-илтифот менакунӣ,
Сарв ҳаргиз чунин нарафт озод.
Офарини Худой бар падаре,
Ки ту парварду модаре, ки ту зод!
Бахти некат ба мунтаҳои умед
Бирасоноду чашми бад марасод!
То чӣ кард, он ки нақши рӯи ту баст,
Ки дари фитна бар ҷаҳон бикшод?
Ман бигирам инони шаҳ рӯзе,
Гӯям аз дасти хубрӯён дод.
Ту бад-ин чашми масту пешонӣ
Дили мо бозпас нахоҳӣ дод.
Ақл бо ишқ барнамеояд,
Ҷаври муздур мебарад устод.
Он ки ҳаргиз бар остонаи ишқ
Пой нанҳода буд, сар биниҳод.
Рӯй дар хок рафту сар, на аҷаб,
Ки равад ҳам дар ин ҳавас бар бод.
Мурғи ваҳшӣ, ки мерамид аз қайд,
Бо ҳама зиракӣ ба дом афтод.
Ҳама аз дасти ғайр нола кунанд,
Саъдӣ аз дасти хештан фарёд.
Рӯй гуфтам, ки дар ҷаҳон биниҳам,
Гардам аз қайди бандагӣ озод,