Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Гаҳ чархзанон ҳамчун фалакам

Гаҳ чархзанон ҳамчун фалакам, Гаҳ болзанон ҳамчун малакам! Чархам пайи Ҳақ, рақсам пайи Ҳақ, Ман з-они вайам, не муштаракам! Чун дид маро, бихрид маро Он кони намак, з-он бонамакам! Шер аст яқин дар бешаи ҷон, Бидрид яқин анбони шикам! Он, к-ӯ ба қазо додаст ризо, Қозӣ кунадаш рӯзе малакам! Яъҷуҷ манам, Маъҷуҷ манам, Ҳад нест маро, ҳарчанд якам! Барбанд даҳон, дар боғ даро, То кам накунӣ хатҳои чакам!