Дил ҷаҳоне дигар аз миръоти якдигар шавад,
Дил ҷаҳоне дигар аз миръоти якдигар шавад,
Нусха бардоред чандон, к-ин варақ дафтар шавад.
Ноз дорад риштаи ошуфтагиҳои ниёз,
Зулфи маъшуқ аст кори ман, агар абтар шавад.
Маҳв гардидан саропои маро оина кард,
Чун нигаҳ дар ҳайрат афтад, олами дигар шавад.
То диҳад ҳар зарраи ман арзи ҳасратномае,
Ин кафи хоке ки дорам, кош, муште пар шавад.
Эй фалак, аз мушти хоки ман барангезон ғубор,
Шояд, ин нанги ҳаюло қобили пайкар шавад.
Бо насаб муҳтоҷ набвад соҳиби касби камол,
«Бениёз аз баҳр гардад, қатра чун гавҳар шавад»309
Субҳадорон пур ҷунунпаймои бекайфиятанд,
Ҷодаи ин корвон, ё Раб, хати соғар шавад.
Ҳамчу акси зангӣ, аз оина мегардад аён,
Бар рухи вайронаам маҳтоб агар чодар шавад.
Нест ғайр аз вазъи хомӯшӣ зи фарёдам баланд,
Ҳамчу най гар банд-бандам пояи минбар шавад.
Бе хамӯшӣ нест мумкин поси тамкин доштан,
Мавҷ дар гавҳар хазад, ҳар ҷо нафас лангар шавад.
Бедил, одам бош, фикри рокибу маркуб
чист?
Аз ҳавас то кай касе полони гову хар шавад?