Ба гуфтугӯи касон мардуме ки мелофанд,
Ба гуфтугӯи касон мардуме ки мелофанд,
Чу хат ба маънии худ норасида ҳаррофанд.
Мабош ғарраи инсоф, к-ин нафасбофон
Ба пунбакории мағзи хаёл наддофанд.
Тавонгаре, ки дам аз фақр мезанад, ғалат аст,
Ба мӯи косаи чинӣ намад намебофанд.
Таҳияи сипар аз эҳтироз кун, к-имрӯз
Ба қатъи ҳам баду неки замона сайёфанд
Сухан чӣ арзи наҷобат диҳад дар он маҳфил,
Ки симузарнасабон ҳамчу ҷадвал ашрофанд?
Ғараз зи суҳбат агар поси обрӯ бошад,
Ҳазар кунед, ки абнои ҷоҳ аҷлофанд
Дари биҳишти маонӣ ба рӯяшон макшо,
Ки ин ҷаҳаннамие чанд нанги аърофанд.
Ба илми пуч чу ҷаҳли мураккабанд басит,
Ба фитрати кашафӣ 236
дарсгоҳи кашшофанд.
Зи вазъашон маталаб ним нуқта ҳамворӣ,
Ки якқалам ба хамупечи саркашӣ кофанд.
Тамом беҳуда гӯянду тозагӣ ин аст,
Ки чашм бар тамаи ришханди инсофанд.
Аз ин харон маталаб мардумӣ, ки чун гирдоб
Ба мавҷи оби манӣ ғарқ то лаби нофанд.
Ба хоки тира мазан нақди обрӯ, Бедил,
Дар ин диёр, ки кӯрони чанд саррофанд