Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

СОҚИНОМА

Биё, соқӣ, он май, ки ҷон офарид, Ба ман деҳ, ки ҷон ҷома бар тан дарид. Куҷо тан кашад бори ҳангомааш, Ки ӯ ҷони ҷон асту ҷон ҷомааш? Биё, соқӣ, он май, ки хуни ҳаёт, Аз ӯ шуд равон дар раги коинот. Ба ман деҳ, ки хуршеди рахшон шавам, Зи ганҷи ниҳон гавҳарафшон шавам. Бидеҳ, соқӣ, он май, ки ҷони баҳор, Аз ӯ ҷуръае хӯрду шуд пурнигор. Ба мастии шаб дар гулистон бихуфт, Саҳар рангубӯ гашту дар гул шукуфт. Бидеҳ, соқӣ, он май, ки ҳастам ҳанӯз, Ҳамон ошиқи майпарастам ҳанӯз. Ба мастӣ, ки ҷон дар сари май кунам, Ҳама умр дар пои хум тай кунам. Биё, соқӣ, он май, ки чун гул кунад, Ҳама боғ пурбонги булбул кунад. Ба ман деҳ, ки чун гул бихоҳам шукуфт, Ки рози шукуфтан нашояд нуҳуфт. Биё, соқӣ, он май, ки чанги сабӯҳ, Бад-ин моя сар кард овози рӯҳ. Ба ман деҳ, ки асби сухан зин кунам, Суруди куҳанро навоин кунам. Навосанҷи хушхони ман ёд бод! Ки чандин навои хушам ёд бод! Бирафту бирафтанд аз худ бурун, Саропарда бурданд дар дашти хун. Нигаҳ кун, ки роҳи дилам чун заданд, Ки ин захма дар пардаи хун заданд. Биё, соқӣ, он май, ки чун бингарем, Зи хуни Сиёвуш ёд оварем. Ба ман деҳ, ки доғи дилам тоза шуд, Сари дардмандам пуровоза шуд. Аз оташ гузаштанд бо ҷони пок, Ки покон аз оташ надоранд бок. Валекин бадӣ чун кунад доварӣ, Зи некон ҳамон ташти хун оварӣ.