Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Вақтат хушу вақтат хуш, ҳалвойиву шаккаркаш

Вақтат хушу вақтат хуш, ҳалвойиву шаккаркаш, Ҷамшед туро чокар, хуршед туро мафраш! Бихром, биё, к-ин дам, валлаҳ, ки намегунҷад Не меваву не шева, не чарху маҳи маҳваш! Ҷуз мову туву ҷоме дарё кафи хушноме, Чун дег маҷӯш аз ғам, чун рег биё, даркаш! З-он сӯй чу бигзаштам, шаш-панҷзанаш гаштам, Ё Раб, ки чиҳо дорад з-он ҷониби панҷу шаш?! Носохта афтодам дар доми ту, ай хушдам, Ай бодаи дар бода, ай оташи дар оташ! Не бас куну не бас кун, худро ҳама ахрас1 кун, К-ин нест қироъоте, к-аш фаҳм кунад ахфаш!