ДОМИ БАЛО
З-ин беш аз пасу пеш зулфи дуто магустар,
Дар пеши пои дилҳо доми бало магустар.
То кай кунӣ парешон дилҳои мубталоро?
Он хирмани балоро пеши сабо магустар.
Бар пои мурғи маълуф кас ришта менабандад,
Доми фусун, Худоро, бар ошно магустар.
Ман худ ба хоҳиши хеш сар дар паят ниҳодам,
Дастон масозу домам дар пеши по магустар.
Чун шаб сиёҳ кардӣ бар Соя рӯзи равшан,
Бар он маҳи дуҳафта зулфи дуто магустар.